Дар моҳҳои январ-июли соли 2020 аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот содирот карда шудааст.
Тавре ки Шарофиддин Асомиддинзода, мудири бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод, нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дар соли ҷорӣ 90 ҳазор тонна муқаррар шуда, то имрӯз беш аз 90 ҳазору 235 тонна маҳсулот, баробар ба 100,3%-и дурнамо, содирот гардид.
— Давоми соли ҷорӣ маҳсулоти вилояти мо асосан ба Қазоқистон (беш аз 76,5 ҳазор тонна), Покистон (11188 тонна), Афғонистон (2276,4 тонна), Федератсияи Россия (105,3 тонна), Қирғизистон (63,2 тонна) фиристода шудааст, — гуфт Ш. Асомиддинзода. – Имсол назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба қадри 4548,9 тонна маҳсулоти бештар содирот шудааст.
Имсол аз ҷониби соҳибкорон танҳо ба кишвари аврупоии Литва 20 тонна тарбуз фиристода шудааст.
Ба хориҷи мамлакат инчунин 86730,2 тонна сабзавот, 101,9 тонна полезӣ, 136 тонна лимон, 3364 тонна мевагиҳо ва 80,1 тонна дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шудааст. Асоси содироти маҳсулоти кишоварзиро дар вилоят пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад. Танҳо аз ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 31 ҳазор тонна пиёз ба кишварҳои хориҷӣ содирот шудааст.
Дар ноҳияҳои минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Норак мавсими содироти меваю сабзавот имрӯзҳо оғоз хоҳад ёфт.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон