Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бунёди 532 иншооти соҳаи тандурустӣ ба анҷом расида ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
То ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят бунёду азнавсозии ҷамъан 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз он ҷумла, то имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят 27 адад беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона сохта ба истифода супурда шудааст.
Айни ҳол дар вилоят сохтмони иншоотҳои калонҳаҷми соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бунёди бинои Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ бо 300 нафар қабули беморон дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома доранд.
Ҳамзамон, дар вилоят сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар сатҳи деҳот вусъати тоза касб намуда истодаанд.
Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилояти Хатлон феълан 115 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва 41 адад муассисаҳои амбулаторию госпиталӣ фаъолият намуда истодаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонии босифати тиббӣ дар тамоми гӯшаву канори вилояти Хатлон бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ бо маром идома дорад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон