Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар асоси фармоиши якҷояи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Бояд ёдовар гардид, ки даври якуми фестивал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 20 то 30 марти соли 2018 баргузор гардид.
27 июни соли 2018 маросими кушодашавии даври дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, раиси ноҳияи Балхӣ, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, собиқадорони соҳа ва мураббиёну варзишгарон дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ тариқи барномаҳои театрикунонидашуда намудҳои миллии варзишӣ ва намудҳои муосири варзишӣ аз қабили футбол, волейбол, таэван-до (ВТФ), гимнастика, бокс, дастхобонӣ ва ғайраҳо намоиш дода шуданд.
Дар доираи даври дуюми фестивал нимаи аввали моҳи июли соли равон мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга, шоҳмот ва бандкашӣ баргузор карда мешаванд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон минбаъд низ баҳри тарғибу ташвиқи намудҳои миллии варзиш тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, корҳои амалиро ба сомон мерасонад.