Дар 7 моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 970,2 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 483,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард – 40,1 фоиз, истихроҷи маъдан – 3,2 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ – 56,1 фоиз ва хизматрасонии об – 0,6 фоизро ташкил дод.
Дар корхонаҳои саноатии вилоят 12844,6 тонна гӯшт ва каллапоча, 3788,5 тонна гӯшти мурғ ва 322,0 тонна ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ, 613,0 тонна маҳсулоти шири холис, 8403,0 тонна равғани растанӣ, истеҳсоли консерва – 10288,0 ҳазор қуттии шартӣ, кокарди намаки ошӣ – 6687,0 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 53419,8 тонна, маҳсулоти қаннодӣ – 843,9 тонна, обҳои ташнашикан – 26306,5 декалитр, маҳсулоти макаронӣ – 137,0 тонна, нахи пахта – 5903,2 тонна, пахтаи тиббӣ – 820,1 ҳазор дона, маҳлул барои беҳдошти шахсӣ – 13,1 ҳазор дона, газворҳо – 55,0 ҳазор метри мурабаъ, матои адрас – 15,4 ҳазор метри мурабаъ, маҳсулоти дӯзандагӣ ба маблағи 17267,3 ҳазор сомонӣ, либоси мактабӣ 24674,6 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли битум 1837,5 тонна, истеҳсоли асфалт 443,0 тонна, гаҷ 1733,4 тонна, хишти бинокорӣ 7477,5 ҳазор дона, газоблок 471,0 метри мукааб, қубурҳои пластикӣ 172330,0 метр, мебел 1164,0 дона истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан аз 101 фоиз то 86,7 маротиба зиёд мебошад.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 511 адад корхонаю коргоҳ таъсис дода шудааст.
Дар 7 моҳи соли 2021 52 адад корхона ва коргоҳҳои навтаъсиси соҳаи саноат бо 469 адад ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон