1 апрели соли 2019 маросими сафарбаркунии наваскарон дар варзишгоҳи марказӣ бо иштироки раиси ноҳия Файзуллозода Зафар баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муасисаҳои ноҳиявӣ ва Комиссарияти ҳарбӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода дар ифтитоҳи расми гусели наваскарон ба сухан баромада, изҳор дошт: “Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст”.
Дар маросими гусли наваскарон волидони даъватшаванда низ таассуроти худро баён дошта, қайд намуданд, ки хизмат намудани фарзанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳ орзу ва ифтихори ҳар падару модари бо нангу нос буда, тарбияи фарзанд дар роҳи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу бум ва ифтихори миллӣ қарзи ҳар як падару модар мебошад.
Тибқи анъана, пас аз маросими расмии гусели наваскарон анъанаи “Гулчагазон” бо иштироки падару модарон ва даъватшавандаҳо баргузор гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барои иштирокдорон барномаи ҷолиби фарҳангиро пешниҳод намуд.