Дар ноҳияи Темурмалик маросими гусели баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид. Дар рӯзи аввали чорабинӣ дар назди хиёбони қаҳрамонон ҷавонони зиёд ҷамъ омада, омодагии худро барои адои қарзи фарзандии худ дар назди давлату миллат изҳор доштанд.
Раиси ноҳияи Темурмалик Аслзода Эмомиддин Муҳриддин аз иқдоми ватандӯстонаи ҷавонон изҳори хушнудӣ намуда, зимни суханронии худ қайд намуд, ки наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин руҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистони азиз муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.
Баъдан навдаъватшудагон ба сухан баромада зимни суханрониҳои худ аз ҳамаи ҷавонони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллиро ба ҷо оранд, зеро пойдории давлат ва рушду равнақи он бо сулҳу суббот ва оромиву осудагии он иртиботи қавӣ дорад.
Кормандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии иштирокдорон суруду оҳангҳои марғуби ватандӯстона пешниҳод намуданд.