Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси нақшаи вохӯриҳо аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон 18 июни соли 2018 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ноҳияи Панҷ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони Раёсат ва фаъолзанони ноҳия таъсис дода, дар ҷамоатҳои деҳоти Сайфиддин Кабуд, Нури Ваҳдат, Меҳнат ва меҳровар суҳбату вохуриҳоро анҷом доданд. Аз рӯи усули фардии «Хона ба хона» корҳои инфиродӣ гузаронида шуда, аз 682 оилаҳо дидан ба амал оварда шуд. Дар масъалаҳои тарбияи дурусти фарзандон, муҳоҷират, соҳибмаълумотии фарзандон, ободонӣ созандагӣ гуфтугузор намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here