Бо мақсади таҳлилу баррасӣ, натиҷагирӣ ва дар амал татбиқ намудани суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки санаи 12 майи соли 2018 сурат гирифта буд, гурӯҳи корӣ ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Кӯшониёни вилояти Хатлон сафарбар гардид.
Ба иттилои дастрас гурӯҳи корӣ бо кормандони беморхонаи марказии ноҳия, КАТС-и Маркази стоматология, Маркази тибби оилавӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва Маркази пусту сирояткунандаи ҷинсӣ, Беморхонаи ҷамоати деҳоти “Заргар” ва дигар муассисаҳо вохурӣ анҷом доданд.
 Гуфта мешавад меҳвари аслии ташкили гурӯҳи корӣ, натиҷагирӣ ва татбиқи чорабиниҳои Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба иҷрои дастуру супоришхои вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва глобалии замони муосир, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар, санаи 12 майи соли 2018 таъкид ёфтаанд, маънидод мегардад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here