Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз “Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ”-и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки навтаъсис мебошад, дидан карданд.
Ректори донишгоҳ профессор Сайфиддин Давлатзода иттилоъ дод, ки масъалаи таъсиси «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ 26-уми январи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар назди Институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ бунёд гардид.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати муаррифии «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро ба нақша гирифтааст, ки 12-13-уми марти соли 2021-ум баргузор мегардад.
Дар ин марказ адабиёти бадеӣ, асосан, аз осори шоири классики форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ҳамасрони ӯ гирд оварда шудаанд. Дар назар аст минбаъд дар ин марказ ҳамоишҳои илмӣ перомуни осори пурғановати шоир гузаронида шавад.
Қурбон Ҳакимзода ва Абдуҷаббор Раҳмонзода барои сохтани ду толори замонавӣ мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, бо дизайн ва лавҳаҳои ҷолиб, иқтибосҳо аз аллома Ҷалолиддини Балхӣ, ки тибқи ривоятҳо зодаи Хатлонзамин мебошад, ба масъулин тавсияҳо доданд.
Дар ин вохӯрӣ як гурӯҳ донишҷӯён ва шоирону мавлоношиносон ташаббуси таъсиси Маркази Мавлоношиносиро пайванди мантиқии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» арзёбӣ намданд, ки шумораи ҳаводоронаш сол аз сол зиёд мешавад. Таъкид гардид, ки осори дастраснагардидаи Ҷалолиддини Балхӣ, пажӯҳишҳои илмӣ доир ба осори ӯву ҳамасронаш дар ин марказ гирд оварда мешавад.
Гурӯҳи корӣ имрӯз ҳамчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноташон гуногун, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷараён доранд, дидан намуд. Корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Балх, ки масоҳаташ беш аз 26 гектарро ташкил медиҳад, хуб ҷараён дорад.
Дар ин ҷо муассисаҳои таълимӣ, биноҳои истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иморатҳо сохта мешаванд.
Тибқи лоиҳаи шаҳрак дар ин мавзеъ муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ ва осорхонаи Мавлоно ҷойгир карда шуда, дар атрофи он гулгашт барои фароғати сокинону сайёҳон бунёд мегардад.
Зимнан, ҳайати корӣ ба соҳибкорону сохтмончиён барои бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ арзи сипос намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин рӯз аз раванди сохтмони бинои идораи матбаа ва рӯзномаи “Навиди Балх” боздид намуданд. Дар ин бинои чорошёна, ки пудратчиаш ҶДММ «Абдурасул» буда, бо маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд шуда истодааст, китобхона, осорхона, матбаа ва рӯзномаи «Навиди Балх» ҷой дода мешавад.
Дар анҷоми сафари корӣ ба масъулон барои бо сифати хуб анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон