Дар шаҳри Бохтар Форуми соҳибкорони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Форуми мазкур соҳибкорони пешсаф ва муваффақи ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории Форум ин мустаҳкам намудани риштаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ дар ин самт мебошад.

 Намоиши молу маҳсулоти вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи форуми соҳибкорон гузаронида шуд, ки дар он соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон молу маҳсулоти гуногуни худро бо нархҳои арзон пешниҳод карданд.

 Дар намоиши молу маҳсулоти вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, масъулони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки соҳибкорони кишвари дӯсту бародар-Ҷумҳурии Ӯзбекистон равған, либосҳои гуногун, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти ширӣ, обҳои нӯшокии гуногун, ороишот ва дигар лавозимоти зарурии рӯзгорро пешкаш намуданд.

 Маҳсулоти мазкур бо  нархи нисбатан арзон пешниҳод карда шуд. Хатлониён бо дидан кардан аз намоишгоҳи мазкур ба сифат ва нархи маҳсулот баҳои баланд дода, пешниҳоди ҳамкорӣ карданд.

 Шоми 5 май дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барномаи фарҳангии санъаткорони вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сокинони шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here