Форуми байналмиллалии содиротии «Бохтар Фуд-2022» бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии содироти назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ташаббуси чунин як чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ин дарёфти механизми мусоидат ба рушди содирот, муаррифии маҳсулоти тару тозаи кишвари офтобии Тоҷикистон дар арсаи дунё, устуворӣ ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳон ва пешгирии маҳсулоти воридотӣ арзёбӣ мешавад.
Дар форуми мазкур намояндагони 9 кишвари дунё аз ҷумла Аморати мутаҳидаи Араб, Эрон, Афғонистон, Россия, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркия ширкат варзида қабл аз шартномабандии содиротӣ аз маҳсулоти тозаву экологии кишоварзони вилояти Хатлон шинос шуданд.
Воқеан бо таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯст ва истифодаи иқтидори мавҷудаи содиротӣ тақозо мегардад, ки сабзавоту меваи вилояти Хатлон ва истеҳсоли корхонаҳои саноати хурокворӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.
Меҳмонон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоишгоҳи бошӯкуҳи маҳсулоти содиротии деҳқонони вилоят, сифати аълои анвои ғизоӣ ва рақобатпазири маҳсулот дар берун аз марз шинос гардида, ҷиҳати ҳамкориҳои баъдӣ ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар намоиишгоҳ сабзавоти тоза, меваҳои донакдори барои содирот равонашуда, обҳои нӯшокӣ, маҳсулоти хоҷагиҳои ҷангал, асали табиӣ, маҳсулоти ширӣ, саноатӣ ва полезиҳо, меваҳои ситрусӣ ҳамчун намуна пешкаши ҳозирин ва умеди иртиботи баъдӣ ҳамоҳангӣ намуданд.
Таҷрибаи деҳқонони вилояти Хатлон давоми якчанд соли охир дар тавлиди маҳсулоти содиротӣ бештар гардида, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои интиқолдиҳанда таҷриба касб кардаанд. Аз раванди чорабинӣ аён гардид, ки оянда имконоти мавҷуда тақвият меёбад ва дар сурати пайдо шудани алоқамандони озуқа даромади иқтисодиашон даҳчанд нуфӯз меёбад.
Вилояти Хатлон аз калонтарин содироткунандагони маҳсулот маҳсуб ёфта, иқтидору захираҳои мавҷуда ҳоло низ зиёд аст.
Бояд гуфт, ки ҳамин шабу рӯз аз ҳисоби ноҳияҳои Ҷайҳун, Дустӣ Кушониён, Вахш, Хуросон, А. Ҷомӣ, Шаҳритус ва Қубодиён ҳазорҳо тонна анвои тозаву безарар ва дар шароити хуби агротехникӣ тавлидшуда ба берун аз марзи ватан содирот шуда истодааст.
Меҳмонон доир ба пешниҳоди маҳсулоти тару тозаи кишвари офтобии Тоҷикистон баҳои баланд дода қайд намуданд, ки ҳамкориҳоро дар содироти маҳсулот ба роҳ хоҳем монд.