Барои сазовор таҷлил намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои -Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 июни соли равон дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.
Дар раванди Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”, Ассосиатсияи ташкилотҳои ёрирасони сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла ҶДММ “Сафеддара”, “Панҷакентинтур”, Ширкати сайёҳии “КИТО”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Ширкати “Азиан голф тревел”-и Аморати муттаҳидаи Араб, ҶСК Осоишгоҳи “Зумрад”, инчунин иштирокчиёни фестивали минтақавии «Марҳабо ба Сӯғди бостонӣ» ширкат доштанд.
Дар чорабинии мазкур раиси Қумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода суханрони намуда қайд кард, ки бо татбиқи сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи «дарҳои кушод»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд.
Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тӯли панҷ соли аввлали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав пешниҳод карда шуданд, ки бевосита ба рушди соҳа такони нав хоҳанд бахшид.
Айни замон фаъолияти 4 фурудгоҳи байналмилалӣ, 2 ширкати миллии ҳавопаймоӣ, 3 меҳмонхонаи бренди байналмилалии панҷ ситорадор, зиёда аз 70 адад иншооти санаториву курортӣ ва зиёда аз 170 адад меҳмонхона, як қатор марказҳои иттилоотии сайёҳӣ боиси таҳким ёфтани заминаҳои инфрасохтории соҳа гардиданд.
Бо мақсади татбиқи самараноки имтиёзҳои андозию гумрукии аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар самти рушди сайёҳӣ фароҳам овардашуда ва корҳои фаҳмондадиҳи, барои оғози фаъолият дар соҳаи сайёҳи зиёда аз 50 субъекти нави соҳибкорӣ ҳавасманд гардида, 40 тои онҳо аллакай фаъолияти худро оғоз намуданд.
Боиси фараҳмандии мост, ки дар заминаи сиёсати созандаи –Пешвои муаззами миллат, соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбӣ ва ҷолибӣ гардида, мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст.
Дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шудани пойтахти кишвари мо шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии мамлакат ва боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ аст.
Захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, муолиҷавӣ, куҳнавардӣ сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти фарохеро фароҳам овардааст, ки мо метавонем ба вуҷуд овардани шароити арзанда барои қабули сайёҳон бозорҳои нави ҷаҳониро кашф сохта, дар қатори дигар кишварҳои рушдкардаи сайёҳӣ рақобатпазир бошем ва аз манфиатҳои соҳаи сайёҳӣ то ҳадди ниҳоӣ бархурдор шавем.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз мо созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳумро дар соҳаи сайёҳӣ бо 35 кишвари ҷаҳон ба имзо расонидем ва лоиҳаҳои созишномаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Тунис, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Салтанати Умон, Федератсияи Россия, Давлати Кувайт ва Давлати Исроил омода гардида, дар баррасии кишварҳои болозикр қарор доранд.
Ин албатта боиси рушду нумуи соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани саҳми соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар рушди иқтисоди миллии кишвар мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 28 инюн то 2 июли соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фестивали минтақавии “Марҳамат ба Суғди бостонӣ” доир гардид.