Дар қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони “Дунёи саодат” баргузор гардид.

Рафти баргузории озмунро намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Иброҳимов сармутахассиси Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣва дигар аъзои ҳакамон назорат ва баҳогузорӣ намуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд ин марҳила даври якуми озмун буда, дар он оилаҳои санъаткори ноҳия, аз ҷумла ансамбли оилаи Гадоевҳо иштирок намуда аз рӯйи 11 номинатсия – суруди якка, навозиши умумӣ, лапар, рақси умумӣ ва ғайра баромад намуданд.

Манбаъ афзуд, бо муайян гардидани ғолиб ба даври баъдӣ роҳзат мегиранд. Даври ҷамъбастии он моҳи май дар филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври якум ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки дар фестивали гузашта ансамбли оилавии Гадоевҳо дар даври якум ғолиб омада, дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардида буд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here