Ба ифтихори эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  чандест,  ки дар шаҳру навоҳии кишварамон даври аввали фестивал — озмуни «Чакомаи гесӯ» идома дорад.

  Мақсад аз баргузории фестивал — озмуни «Чакомаи гесӯ» намоиши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари машшотаҳо ва ба ин васила тарғибу ташвиқи анъанаҳои беҳтарини миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши сарулибоси миллӣ мебошад. 

  Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия фестивал — озмуни «Чакомаи гесӯ» дар маҳаллаҳои ҷамоатҳои ноҳия баргузор гардид.  Рӯзи 19 январ бошад, фестивали мазкур бо иштироки беҳтарин ҳунарварони ҷамоатҳои деҳот дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, воқеъ дар маркази ноҳия, баргузор гардид.

   Иштирокдорони фестивал — озмун, ки аксаран духтарон буданд, тавонистанд ҳунари волои машшотагӣ, мӯйбофӣ, ороиши мӯй, гуфтору муошират, намоиши сарулибос, аз қабили чакану адрас, алоча ва ғайраро  бо маҳорати баланд иҷро намуда, мероси пурғановати гузаштагонамонро муаррифӣ намоянд. Ҳайати ҳакамон ба ҳунари духтарон баҳои баланд дода, беҳтаринҳоро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардониданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here