Дар доираи эълон гаштани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҷашни таърихии миллат 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри дар амал татбиқнамудани сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон нақша чорабиниҳои Вазорати фарҳангии мамлакат тули чанд мудат мешавад, ки дар шаҳру навоҳии кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо давари аввали Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2018» хубу хотирмон идома кард.
Ногуфта намонад, ки ин фестивал — озмуни болозикр аз руи талаботу низоманомаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби мутахасисони соҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳам аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумӣ «Бозори ҳунар», суруди ҳамсараёни бисёровоза (хор), намоиши сарулибоси миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ , порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ва ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон, сюитаи овозию рақси манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамон гардонида шуд.
Ҳаминтавр ҳайати ҳакамон ба барномаҳои фарҳангии сокинони ноҳияи Темурмалик 135, Ховалинг, 138, Балҷувон 145, Муъминобод 148, Шамсиддини Шоҳин 151, Восеъ 143,5 Ҳамадонӣ 153, ноҳияи Фархор 151, Данғара 152 ва шаҳрҳои Бохтар 153,5 Левакант 153 Норак 152, ноҳияҳои Кӯшониён 144 Вахш 150, Ҷалолиддини Балхӣ 153,5 Дӯстӣ 153, Ҷайҳун 150,5 Панҷ 152, Хуросон 153,5 Ҷомӣ 154, Ёвон 153,5 Шаҳритуз 153,5 Қубодиён 153,5 ва ноҳияи Носири Хусрав бошад 153,5 балро аз ҷониби аъзои ҳакамон соҳиб шудаанд.
Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тазаккур бояд дод, ки мақсад аз баргузории фестивал — озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлоли кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал-озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон арзёби карда мебошад.
Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ташкил гардида, ғолибони даври сеюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» ки дар маркази Пойтахти кишвар яъне шаҳри Душанбе ҷамбаст гардида аз ҷониби муассис-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳо супорида мешаванд.