29 августи соли ҷорӣ дар майдони «70-солагии обёрии водии Вахш» ва Нишони давлатии Тоҷикистон дар асоси иҷрои Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 ва 17 январи соли 2019 оид ба ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, иди ангур, каду, харбузаву тарбуз ва себ гузаронида шуд. Аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят, боғдорон, сабзавоткорон, деҳқонони асил маҳсули заҳмати худро манзури сокинону меҳмонони маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар намуданд.
Вилояти Хатлон аз калонтарин вилоятҳои аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, саҳми деҳқонони асили шаҳру ноҳияҳои вилоят дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, арзониву фаровонии бозорҳои истеъмолӣ назаррас мебошад. Дар ин самт метавон саҳми арзандаи кишоварзони ботаҷрибаи ноҳияҳои Ҷайҳун, Восеъ, Дустӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Шамсиддини Шоҳин, Муминобод, Темурмалик, Балҷувону Ховалинг ва шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Норакро махсус таъкид дошт.
Аз намоиши идонаи кишоварзон дар остонаи ҷашни ифтихории миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон, узви маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини якум ва муовинони раиси вилоят, муовини якуми Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Каримзода Саъдӣ, роҳбарони масъули ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан карда, ба натиҷаи заҳмати фидокоронаи деҳқонони асили вилоят баҳои арзанда ва баҳри дар оянда баланд бардоштани боздеҳӣ- замин, афзун гардондани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Дар ҳақиқат он маҳсулоте, ки имрӯз дастархони ҳар як шаҳрвандро зебу орои хоса мебахшанд, дар баробари ғизои хуб будан бо хусусиятҳои шифобахшии худ садсолаҳо дар байни мардум маъмулу машҳур гардида, кишоварзони вилоят сол то сол майдони кишти каду, харбузаву тарбуз ва бунёди боғҳои интенсивиро зиёд карда истодаанд. Самари меҳнати аҳлонаи аҳли заҳмат аз ин намоишгоҳ бараъло аён мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати бунёди боғу токзорҳоро ба инобат гирифта, 3 маротиба “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуда, лоиҳаи нави “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2022-2025” дар баррасии вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ қарор дорад. Тибқи маълумоти оморӣ соли равон дар вилоят 227 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 197 гектар бунёд гардида, барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 71,4 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра 322,5 гектар боғ ва 65,9 гектар токзорҳо барқарор карда шуд. Дар майдони 23 гектар майдони боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ майдони чунин боғҳо ба 371 гектар расонида шуд. Бахусус, бунёди 5 гектар боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Кушониён бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ Зайнулло Қаҳоров дар ҳудуди деҳоти Ориён таҷрибаи ибратомӯз арзёбӣ мегардад.
Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят ва минтақаи Кӯлоб, инчунин дигар идораҳои зертобеъи онҳо дар ҳар як чорабинии сатҳи вилояту ҷумҳурӣ иштироки фаъолона доранд. Ҷангалпарварон намунаи маҳсулоти тару хушкро ба намоиш гузошта, сол ба сол ба содироти бештари маҳсулоти муаррифкунанда низ муваффақ гардида, майдони ҷангалзорҳоро ва ҷангалзорҳои кӯҳнаро барқарор менамоянд. Дар ин самт кори хоҷагии ҷангали Даштиҷум намунаи ибрат мебошад.
Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб дар ташкил ва ширкати фаъолона дар чунин чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ташаббускор буда, назоратро аз болои заминистифодабарандагон дуруст ба роҳ мондаанд. Намунаи дастранҷи боғдорону кишоварзони минтақа дар ин намоишгоҳ гувоҳи ҳол буд. Бахусус намоиши идонаи кормандони Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон хеле диққатҷалбкунанда буд. Таъмини саривақтӣ ба оби полезӣ буд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти босифату аз нигоҳи экологӣ тоза, бо истифода аз маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ сол то сол зиёд шуда истодааст.
Нақши занону бонувони ҳунарманд, кишоварзони асил аз ҳисоби занон дар рушди соҳаи боғдорӣ, оростани дастархон, омода кардани хуришҳо, захира барои зимистон муаррифии маҳсулоти ватанӣ ба касбу ҳунар, ҷалб кардани занону духтарони вилоят бағоят бузург мебошад. Онҳо дар намоиши иди харбузаву тарбуз, каду ангур ва себ намунаи маҳсулоти омодакардаи худро ба намоиш гузоштанд, ки ба роҳбарияти вилоят ва меҳмонон хуш омад.
Баъди боздид аз намоишгоҳи идонаи иди каду, харбузаву тарбуз, себу ангур натиҷаи он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар назди ҷамъомадагон, ба маърӯзаи таҳлилӣ баромад кард. Таъкид дошт, ки бо мақсади иҷрои Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ чунин чорабинӣ баргузор шуд, ки фардо бо рушди соҳа заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Аз нигоҳи ватандорӣ ба обу хоки диёр бояд муносибат карда, дар оянда боз бештар истеҳсол кардани меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ тақозои ҳаёт мебошад, ки дар роҳи расидан ба ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ устуворона пеш рафта, бо молу маҳсулоти рақобатпазир ва муаррифкунандаи давлату миллат устуворона қадам мегузорем. Дар баробари суханронияш раиси вилоят тамоми иштирокдорон ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми ҷумҳурриро ба муносибати иди дар пешистода 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуд. Ҳамзамон муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ ба сухан баромада оид ба самти кишоварзӣ суханрони намуда, дар баробари суханронияш тамоми мардуми шарифи вилояти Хатлонро ба ҷашни пуршўкуҳи дар пешистода муборакбод гуфт.
Дар поёни ин чорабинӣ раиси Кумитаи тадорукот, муовини якуми вилояти Хатлон Салимзода Амонулло ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ дар соҳаҳои ангурпарварӣ, кадукорӣ, полезикорӣ ва бунёди боғҳои интенсивии себ эълон намуда, ғолибонро бо Ифтихорномаву мукофотпулиҳо қадрдонӣ намуданд. Чорабинии мазкур бо барномаҳои фарҳангӣ ҳусни анҷом ёфт.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон