Бо мақсади бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолии минтақа ва шаҳру деҳоти Кӯлоб ҶДММ «САМАН», ки роҳбариашро Холмуҳаммад Одинаев ба уҳда дорад, дар майдони 10 га замин фермаи мурғпарварӣ месозад. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи марти соли равон оғоз карда шуда, насби таҷҳизоти соҳавӣ амалӣ шуда истодааст.

Қайд кардан лозим аст, ки таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Туркия ворид шуда, мутахассиси турк барои насби он ҷалб гардидааст.

Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои даромаднок ба ҳисоб меравад. Барои парвариш чӯҷаҳоро аз Федератсияи Россия ворид намуда, то 4 моҳагӣ онҳоро дар катакҳои махсусгардонидашуда тарбия менамоянд. Дар як марҳила 50 ҳазор чӯҷаҳоро парваришщ менамоянд ва ният доранд, ки баъди ба тухмкунӣ расидани онҳо ҳар рӯз то 45 ҳазор дона тухм истеҳсол карда, таъмини бозори озуқавориро дар минтақаи Кӯлоб иҷро намоянд. Инчунин, сокинони маҳал бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Соҳибкор иброз намуд, ки дар аввал 30 нафар ва баъдан 60 нафар коргарон ба кор таъмин хоҳад шуд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои истеҳсоли хӯроки паранда ба корхона 35 га. замин ҷудо карда дода шудааст.

Тавре ки роҳбари корхона иброз намуд, то ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи парандапарвариро ба истифода хоҳанд дод.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here