Ҳамасола дар вақти ба таътили тобистона гусел намудани хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи асосӣ ва умумӣ дар назди мактабҳо истироҳатгоҳҳои таълимию тарбиявӣ бо барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба муддати 10 рӯз фаро гирифта мешаванд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Муъминобод бо ташаббуси кормандони соҳаи маориф, волидайн ва соҳибкорони саховатпеша барои истироҳатгоҳҳои назди мактабӣ маводҳои хӯрока таъмин карда мешаванд.
Чи тавре ки ба мо сардори иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия Иброҳимов Саидиброҳим иброз дошт, имсол дар назди 57 муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод 5480 нафар хонандагон ба лагерҳо сафарбар карда мешаванд. Лагерҳо дар ду баст тақсимбандӣ карда шудаанд. Дар басти 1-ум 3373 нафар ва дар басти 2-юм 2093 нафар хонандагон ба фароғат фаро гирифта мешаванд. Инчунин, қайд карда шуд, ки дар рафти фароғат барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва озмуни истироҳатгоҳии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва дигар барномаҳо дар назар дошта шудааст.