ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон
озод намудани Қурбонзода Ҳ.Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 январи соли 2020
№1391

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
шаҳри Нораки вилояти Хатлон
таъин намудани Неъматзода М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Неъматзода Маликшо Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 январи соли 2020
№1392

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here