Дар навоҳии минтақаи Кӯлоб рафти маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, дар ҳоли суръат гирифтан аст.Боиси қайд аст, ки дар ташкили кори ғалладаравӣ саҳми деҳқонони ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ намунаи ибрат маҳсуб меёбад. Чунончӣ фархориҳо то имрӯз 1167 гектар ва ғаллакорони ноҳияи Ҳамадонӣ 632 гектар ғаллазорҳои худро даррав карда, майдонҳои аз кишт озодшударо ба кишти такрорӣ омода менамоянд. Дар майдонҳои ғаллазори ноҳияи Фархор 32 ва ноҳияи Ҳамадонӣ 26 комбайни ғалладарав машғули ҷамъоварии ҳосиланд.