Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои сердаромаду асосии деҳқонони фархорӣ маҳсуб меёбад. Ба ҳамин хотир дар ноҳияи мазкур пайваста майдонҳои кишти пахтазор дар ҳоли афзоиш қарор дорад.Чунончӣ онҳо дар соли хоҷагии гузашта дар майдони 9161 гектар кишт гузаронида буданд ва акнун ин рақам 9600 гектаро ташкил мекунад. Ва мебинем, ки дар миёни 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоб, нишондоди мазкур аз ҳама беш аст ва дар баробари ин онҳо дар сафи пеши маъракаи ҳосилғундорӣ қарор доранд. Деҳқонони фархорӣ то имрӯз ба андозаи 6715 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин рақам баробари 35,1 фоизи нақшаи дурнамост. Фархориҳо рӯзе ба қадри аз 1,8 то 2 фоиз ҳосил меғундоранд, ки ин нишондод натиҷаи хубу дилхоҳ маҳсуб меёбад.