Ноҳияи Фархор дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони меҳнатқаринаш ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар табдил ёфт.
Бунёди китобхонаи марказӣ, осорхона, чойхонаи миллӣ, шуъбаи маориф, таъмиру азнавсозии бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бозори марказӣ ба намои шаҳрак ҳусни тоза зам кард.

Дар раванди омодагиҳо ба Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иқдом пеш гирифтанд, ки боғи марказиро таъмиру навсозӣ намуда, дар он бо баландии 50 метр Парчам, 35 метр Нишон бунёд созанд.
Бо ин мақсад бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ майдони зиёда аз 3,0 гектар қитъаи замини дохили боғи фарҳангӣ — фароғатӣ аз дарахтони хушк, алафҳои худрӯй тозаву ҳамвор гардид. Инчунин, дар дохили боғ бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон чор адад суҳбатҷойҳо сохта шуда, гирду атрофи он пурра панҷарабандӣ шуд.
Бино ба гуфтаи масъулон, дар даромадгоҳи асосии боғи марказӣ бунёди дарвоза, Парчам ва Нишони давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон кори поягузории онҳо ба анҷом расидааст.
Ҳамчунин, дар дохили боғи мазкур 3510 бех дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ шинонда мешаванд. Айни замон, дар он 22500 адад гулу буттаҳои зебову рӯҳафзо шинонда шудаанд, ки барои фароғаткунандагон таровату ҳаловати тоза мебахшанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати обрасонии майдони майсазорҳо ва гулҳои мавсимӣ ба тӯли 4569 метри мураббаъ лӯлаҳои полиэтилении қутрашон ҳархела, 1353 адад обпошакҳо ва 2461 метри мураббаъ тахтасангҳои ороишии шафати роҳравҳо низ азнавсозӣ гардид.
Дар қатори ин, сохтмони ҳавзи обнигоҳдорӣ бо ғунҷоишӣ 112 метри мукааб, инчунин, бунёди майдонҳои хурди бозӣ барои кӯдакон, аз ҷумла аттраксионҳои гуногун дар назар аст.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here