Дар давраи ҳисоботӣ ба Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Фархор 700 нафар бекорон муроҷиат намуда, 678 нафари онҳо ба қайд гирифта шуданд. Аз ин шумора 310 нафар мақоми бекорӣ гирифта, 115 нафар ба кумакпулии яквақтаина таъйин карда шуданд,- гуфт зимни суҳбат сардори Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Д. Ҷӯразода.

   Мавсуф қайд намуд, ки дар соли равон 6 маротиба «Ярмарка»-и ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд, ки дар он 16 корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва хоҷагиҳо иштирок карда, ҷойҳои кори холӣ пешниҳод карданд. Дар асоси дархости кордиҳандагон 458 ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки аз инҳо 280 нафарашон занҳо буданд. Дар ин давра ба 19 нафар қарзҳои имтиёзнок дода шуд.

   Дар ярмаркаҳои мазкур Бахши хадамоти муҳоҷират, Бахши ҷавонон ва варзиш, Бахши сайёҳӣ, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштироки фаъол доштанд.

Инчунин, — афзуд мусоҳиб – 22 нафар ба касбомӯзӣ равона карда шуда, ба дигарон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

Шуъбаи Агентӣ дар ҳамбастагӣ бо филиали муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони ноҳия бо мақсади саривақт таъмин намудани талаботи соҳаҳои гуногуни хоҷгии халқ 146 нафар бонувонро бо хоҳиши худашон ба курсҳои «Қуроқдӯзӣ», «Либосдӯзӣ», «Дӯзанда-порагар» , «Қаннод»  сафарбар намуданд.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here