Дар ноҳияи Фархор бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 324 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҷумла соли 2019 сохтмону навсозии 158 адад биною иншоот, соли 2020 – 79 адад ва соли 2021 36 адад дар назар дошта шудааст. Соли 2018 дар ноҳия 51 иншоот бунёду навсозӣ шуданд. Дар айни замон дар 64 иншооти хурди 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои сохтмонӣ идома дошта, аз ҷониби соҳибкорон ба итмом расонида мешаванд. То соли 2021 дар ноҳия сохтмони 11 мактаби нав барои 7480 хонанда, 56 синфхонаи иловагӣ барои 1400 ҷойи нишаст, 9 бунгоҳи тиббӣ, 15 коргоҳи дӯзандагӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот, бунёди 115 гектар боғҳои нав, 2 фермаи парандапарварӣ ва сохтмони дигар иншооти хурду бузург дар назар дошта шудааст.