Дар Қасри тозатаъмири деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб ба ифтихори зодрӯзи рӯзноманигори шинохтаи кишвар, шодравон Қувваталӣ Холов, бо иштироки фарҳангиёни шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷамъомад баргузор гардид. Хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии рақами 12, ки Қувваталӣ Холов ҳангоми  дар қайди ҳаёт будан  онро таъмиру дастгирӣ менамуд,  аз эҷодиёти мавсуф порчаҳо қироат карда, ҳамдеҳагону фарҳангиён аз лаҳзаҳои умри ӯ ёдовар шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here