Дар ҳамин рӯз баъд аз иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нӯҳмоҳаи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои семоҳаи охири соли равон муайян шуданд. Ҳамчунин ғолибони маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ва ғолибони озмуни «Ободгари ватан» қадршиносӣ шуданд.
Дар оғози ҷамъомад раиси вилояти Хатлон узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки дар ҷамъомад муовини якуми раиси вилоят, муовинони раиси вилоят, роҳбарони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқук, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳо намояндагони васоити ахбори омма ва дигар даъватшудагон ширкат доранд.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба вилояти Хатлон ва дастуру ҳидоятҳои ӯ пайи амал қарор дошта, дар ин замина мардуми моро рӯҳияи баланди бунёдкориву созандагӣ фарогир мебошад. Дар ҷамъомад аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти саҳоҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нӯҳмоҳаи соли равон ва вазифаҳо барои семоҳаи охири сол мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи ин масъала муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад кард. Ӯ таъкид дошт, ки нақшаи даромади андозҳо дар нӯҳмоҳаи соли равон 105,2 фоиз таъмин гардид, ки 67,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар вилоят 39 лоиҳаи маблағгузор дар ҳоли татбиқ қарор дорад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон густариш ёфта, зимни баргузории форумҳои тиҷоратӣ 13 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Бонкҳо 1 миллиарду 704 миллион сомонӣ барои рушди иқтисодиёт қарз доданд. 196,6 миллион доллар гардиши савдои хориҷиро афзоиш дод. Ҳаҷми маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 15,4 миллиард сомонӣ баробар шуд. Дар майдони 17 ҳазору 355 гектар шудгори тирамоҳӣ гузаронида шуд. Кишти сабзавоти барвақтӣ бошад майдони 8 ҳазору 254 гектарро фаро мегирад. Дар вилоят чорводорӣ, парандапарварӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Соли равон дар майдони 131 ҳазору 792 гектар кишти такрорӣ гузаронида ҳосили хуби зироати гуногуни кишоварзӣ ба даст овардем. Вобаста ба моҳипарварӣ бошад, 265 хоҷагиҳои моҳипарвар 812,1 тонна моҳӣ истеҳсол карданд. 295 гектар ҷангалзорҳои нав бунёд гардида, дар 14 ҳазору 592 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин соли равон 469 ҳазор ниҳоли гуногун шинонда, ҳолати мелиоративии беш аз 3 ҳазору 387 гектар замин беҳ гардид. Саноатчиёни вилоят бошад, ба маблағи зиёда аз 7 миллиард маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд. Дар самти боркашонӣ, мусофиркашонӣ, бунёди роҳҳу купрукҳо ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун нишондодҳо назаррас мебошанд. Хушбахтона, дар ифтитоҳи чандин иншооти таъиноти гуногун Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд. Бунёди мактабу боғҳои фарҳангӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва иншооти варзишӣ дар сатҳи баланд бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ба роҳ монда шуд, ки имрӯз чунин иншоот дар хизмати мардум қарор дорад. Ҷавонон ояндасози давлату миллатанд, варзишгарони мо тавасусти иштирок дар 78 мусобиқаи сатҳи баланд дорои 797 медали тилло гардиданд. Имрӯз фарҳанг муаррификунандаи миллат буда, 33 боғҳои фарҳангӣ хизматгузори мардуманд. Ин ҳама аз баракати соҳибистиқлолии давлат рӯи кор омадааст. Ёдгориҳои қалъаи Ҳулбук, Хоҷамашҳад, Дайри Аҷинатеппа ба феҳристӣ ташкилоти байналмилалии Юнеско шомиланд. Дар маърӯза оиди тарбияи насли сазовору арзанда, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ, худкушию худсӯзии занон, содиршавии ҷиноят, таъмини волоияти қонун фикру андешаҳо баён гардид.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар назди фаъолон баҳри беҳбудии кор, рушди пахтакорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, таълимоти ғайрирасмии динӣ, иҷрои нақшаи обуна, таъмини волоияти қонун вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар поёни ин ҳамоиш ғолибони маъракаи ҷамъоварии пахта муайян ва қадршиносӣ гардиданд. Ҷойи якумро кишоварзони ноҳияи Данғара сазовор гардида, ба 20 ҳазор сомонӣ ва Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон мушарраф гардиданд. Ҷойи дуюм Ифтихорномаи раиси вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ насиби зарофарони шаҳри Левакант гардид. Ба ҷойи сеюм Ифтихорнома ва 10 ҳазор сомонӣ кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ сазовор шуданд.
Раисони ҷамоатҳои деҳоти «Лолазор», «Исмат Шарифов» «Сангтӯда» — и ноҳияи Данғара, «Нури Вахш», «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» — и ноҳияи Дӯстӣ ва ҷамоати деҳоти «Обшорон» — и ноҳияи Шаҳритус ба Сипосномаи раиси вилояти Хатлон сазовор шуданд.