Заминҳои корами хоҷагии деҳқонии «Бобои Абдукарим» дар деҳаи Дӯстӣ Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод воқеъ мебошад. Фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии мазкур асосан ба парвариши зироатҳо, аз қабили картошка, пахта, ғалладонагиҳо нигаронида шудааст. Айни ҳол дар хоҷагии деҳқонии «Бобои Абдукарим» кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, хоҷагӣ барои гузаронидани кишти дигар намуди зироатҳо заминҳоро омода сохтаанд.
Майдони заминҳои кишти хоҷагии деҳқонии «Бобои Абдукарим» 1,86 гектарро ташкил медиҳанд. Хоҷагиҳои мазкур ҳар сол заминҳоро самараноку оқилона истифода бурда, 2-3 ҳосил мерӯёнанд.