Боришоти зиёди нимаи якуми моҳи ноябр боиси ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтани мизони ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон гардид. Новобаста ба ин, кишоварзони навоҳӣ ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1400-1420 тонна «тилои сафед» ба даст меоранд.

  Тавре ки аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, то имрӯз се шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон – Данғара (113,8%) Бохтар (108,4%) ва Левакант (104,5%) дурнамои имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра ва барзиёд иҷро кардаанд. То рӯзи 13 ноябр пахтакорони вилояти Хатлон ҷамъан 176 059 тонна пахта чидаанд, ки ба 70,34 дарсади дурнамои солона баробар аст. «Вале дар муқоиса ба ҳамин шабу рӯзи соли 2017 дар вилоятамон ба андозаи 75 ҳазору 196 тонна камтар ҳосил ба даст омадааст», — афзуд манбаъ. Дар маъракаи ҳосилғундорӣ имрӯзҳо барзгарони ноҳияҳои Кӯшониён (93,8%), Носири Хусрав (84,7%), Хуросон (88,8%), Ёвон (76,3%), А. Ҷомӣ (73,8%), Вахш 71% Панҷ (70%), М.С.А.Ҳамадонӣ (69,8%) фаъолтар мебошанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here