Ба ҳолати 13 сентябр дар шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон 58871 тонна ҳосили “тилои сафед” ҷамъоварӣ шудааст, ки 3335 тоннаи он бо истифода аз мошинҳо чида шудааст.

Рӯзи гузашта дар вилоят 4413 тонна пахта ғун шудааст, ки ба 1,6 дарсади дурнамои солона баробар аст.

Пахтакорони шаҳри Левакант (39%), Фархор (34,5%), Носири Хусрав (29%), Шаҳритус (28,9%), Данғара (27,8%), Панҷ (25,9%), Ҳамадонӣ (25,2%), Бохтар (24,8%), Дӯстӣ (23,3%) дурнамои ҷамъоварии ҳосилро аз ҳисоби миёнаи вилоят бештар иҷро кардаанд.

Тибқи дурнамо, имсол дар вилоят бояд 278 ҳазору 200 тонна пахта истеҳсол шавад, ки то имрӯз 21,2%-и дурнамо таъмин гардидааст.

Соли 2020 дар вилоят дар майдони 124 ҳазору 175 гектар пунбадона кишт шудааст.

Қобили зикр аст, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон, дар мавсими имсола низ ҷиҳати ҳавасмандсозии кишоварзони пахтакори вилоят озмуни “60 рӯзи меҳнати зарбдор” баргузор гардида, ҳар 20 рӯз ҷамъбаст ва ба ғолибон туҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда хоҳад шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон