Левакант. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва як гуруҳ ҷавонон ба аёдати зани собиқадор, пири рӯзғордида, Ёқубова Басбӣ, сокини деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон», ки 107 сол дорад, рафтанд.

 Ба гуфти ин зани рӯзғордидаи барнодил дар давоми ҳаёти якасраи хеш ӯ тавонистааст пастиву баландиҳои зиндагиро паси сар карда, ба садҳо шахсони барҷомонда дасти ёрӣ дароз кунад. Дар рафти сӯҳбат модари мушфиқ ба ҷавонон аз ҳаёти худ ҳикояҳо оварда, доир ба тарбияи дурусти насли наврас, сабру таҳаммул дар оиладорӣ, муҳаббату самимият, эҳтирому қадрдонӣ сухан карда, ҷавононро ба шукргузорӣ аз даврони осудагиву амну тинҷӣ даъват намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба зани 107 сола тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here