Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон моҳи дувум аст, ки аксияҳои вилоятии “Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем” ва “Дар таъмини амнияти озуқавории ниёзмандон саҳм мегирем”-ро дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят мавриди амал қарор додааст.
Дар доираи иқдомҳои мазкур ба оилаҳои камбизоат, шахсони имконоти ҷисмониашон маҳдуд, афроди яккаву бесарпаноҳ кумакҳои муайян расонида шуда, дар ғанисозии захираи маводи ғизоӣ, таъмини иҷтимоии чунин хонаводаҳо якҷоя бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузорӣ хоҳад шуд.
Дар ин робита ходимони иттиҳодияҳои динии вилояти Хатлон муроҷиатномаеро қабул намудаанд, ки онро манзури аҳли ҷомеа мегардонем.
МУРОҶИАТНОМАИ ХОДИМОНИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН,
Ҳамдиёрони азиз!
Шукронаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мекунем, ки имрӯз дар Ватани маҳбуби мо тамоми шароит барои зиндагии осоишта фароҳам буда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Мамлакати мо тайи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ормонҳои деринаи мардум ҷомаи амал мепӯшанд. Ҳазорҳо муассисаи таълимӣ, тиббӣ, маишӣ, фарҳангию варзишӣ, иттиҳодияҳои динӣ имрӯз дар хизмати мардум қарор доранд ва барои рушду такомули ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз нигаронида шудаанд.
Тамоми ҷомеаи Тоҷикистон бояд ин дастовардҳоро, ки барои миллати мо неъмати муқаддас аст, ҳифз намуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ бошем, нагузорем, ки бадхоҳони миллат барои дарҳам задани осоиштагиву субот, амният ва арзишҳои миллию давлатдорӣ дастбакор шаванд.
Дар шароити паҳн шудани пандемияи коронавирус ва вазъи номуайяни иқтисодӣ моро мебояд, ки муроҷиатномаи Президенти мамлакатро ҷиҳати тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар дастгирӣ ва амалӣ намоем.
Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии бошиддат тағйирёбии ҷаҳони муосир аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо менамояд, ки тамоми неруи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Хуруҷи бемории сироятии коронавирус ба вазъи иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳон бетаъсир намонд. Дар чунин шароит моро мебояд, ки аз ғояҳои олии инсондӯстӣ, меҳру шафқат ба ҳамдигар, хайру эҳсон, муомилаву муоширати нек, ахлоқи ҳамида ва илму маърифат кор бигирем. Бо анҷом додани аъмоли хайру башардӯстона, кумак ба бепарасторон, муҳтоҷону барҷомондагон ва шахсони камбизоат дар таъмини захираи дусолаи озуқаи қишти ниёзманди ҷомеа саҳмгузор бошем. Бо мақсади татбиқи қарори раиси вилояти хатлон аз 5.07.2019, №195 “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон” мунтазам аз аҳволи собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, камбизоатҳо ва дигар табақаи ниёзманди аҳолӣ бохабар шуда, онҳоро дар доираи имкон дастгирӣ намоем.
Бо ин ният, иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ҷиҳати дар тамоми шаҳру ноҳияҳо баргузор намудани аксияҳои вилоятии “Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем” ва “Дар таъмини амнияти озуқавории ниёзмандон саҳм мегирем” ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Зеро анҷом додани амалҳои нек ва дароз намудани дасти саховату ҳиммат ба ниёзмандон аз ҷумлаи амалҳоест, ки Худованд барои онҳо ба шахсони саховатманд подошу аҷри зиёд фармудааст.
Инчунин, ба мардуми шарифи вилояти Хатлон муроҷиат намуда, таъкид месозем, ки муқовимат бо коронавирус ва пешгирӣ кардани сирояту паҳншавии минбаъдаи он қарз ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як инсон мебошад ва ҳар як фард бояд вазифаи худро бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа софдилона иҷро намояд. Мо бояд ҷиҳати тақвияти тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 бо мақомоти масъули давлатӣ ҳамкорӣ намоем. Ҳангоми суҳбату мулоқот ба шаҳрвандон аҳамияти корҳои пешгирикунанда, риояи тавсияҳои табибон, гигиенаи шахсӣ, зарурати манъи иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ниқоб зимни баромадан ба кӯчаву ҷойҳои серодамро фаҳмонем.
Инчунин муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи сокинони кишвар вобаста ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани неруи барқ дастгирӣ намуда, дарк менамоем, ки дар вазъияти имрӯза ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад.
Изҳори итминон мекунем, ки кулли мардуми шарафманд ва бонангу номуси вилояти Хатлон барои рушди давлати соҳибихтиёрамон дучанд заҳмат кашида, дар ободониву пешрафти кишвар чун ҳарвақта саҳми намоён мегузоранд ва ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзишманд истиқбол мегирем.