Рӯзи 8 июни солиҷорӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси илмӣ – амалииҶумҳуриявӣ дар мавзӯи «Тарбия ва тайёр намудани муаллимони ӯматематика дар мактабҳои олии омӯзгории Тоҷикистон дар шароити имрӯза» бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ислом Ғуломов гузаронида шуд. Пеш аз оғози конфронс дар саҳни толор дастовардҳои илмию методии омӯзгорон ва устодони донишгоҳ ва азҷумла, таълифоти профессор Ислом Ғуломов ба намоиш гузошта шуда буд.
Тибқи барнома конфронсро Абдулло Ҳабибулло – ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИҶТ ифтитоҳ карда, дар баромади худ оид ба кору фаъолияти профессор Ислом Ғуломов якчанд нуктаро ёдоварӣ намуд.
Баъдан, дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Изатуллоев К., номзади илмҳои педагогӣ, дотсент доир ба «Фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии профессор Ислом Ғуломов» маърӯза намуд.
Инчунин, Нуъмонов М., доктори илмҳои педагогика, профессор, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, узви вобастаи АТТ ва Комилӣ А.Ш., доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Академик, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, доир ба «Асосҳои назариявию методологӣ методикаи таълими математика» ва «Хусусиятҳои омӯзиши таърихи математика дар ташаккули тайёрии муаллимони мактабҳои олӣ» маърӯза намуданд. Дар идомаи конфронс устодон, ҳамкорон, шогирдон ва дӯстони соҳибҷашн аз рӯзғор ва хотираҳои худ ёдоварӣ карданд.
Инчунин, матни сипосномаю меҳрномаҳо аз номи Садорати Донишгоҳу Донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба хотири гиромидошти профессор Ғуломов дар назди ҳозирин қироат карда шуд.
Сипас, баъди танаффус конфронс дар ду бахш кори худро идома дод.
Дар натиҷа дар бахши 1-ум 32 мақола ва дар бахши 2-юм 73 мақола пешниҳод гардид ва қисми зиёди онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Дар ҷамъбаст пешниҳод гардид, ки мақолаю маърӯзаҳои пешниҳодгардида дар шакли маҷмӯа чоп карда шаванд.