Маъмурияти ҶДММ хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон ният дорад, ки дар ояндаи наздик саршумори говҳои ҷӯшоиро ба 1000 сар расонида, барои зиёд шудани даромади иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат намояд.
Корхонаи мазкур тирамоҳи соли 2014 дар заминаи комбинати шири шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Ба иттилои Иноят Холов, сарвари хоҷагии зотпарварии «Саодат», корхона бо маблағи 18 миллион сомонӣ дар масоҳати 14,2 гектар бунёд гашта, дар ин ҷо ду намуди чорвои калони шохдор — зоти «Сементал» ва «Голштен» парвариш меёбанд, ки шумораи онҳо 730 сар буда, қариб 500 сари онҳо модаговҳои ҷӯшоист.
Дар ин коргоҳ 112 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Дар корхона аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мутахассисон ба кор ҷалб карда шуда, онҳо бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд.
Хоҷагии зотпарварии «Саодат» бо давлатҳои Чехия, Эрон, Туркия, Хитой, Русия, Белоруссия ҳамкории зич дорад. Дастгоҳи замонавие, ки аз Чехия ворид карда шудааст, дар як вақт имкони ҷӯшидани 32 сар говро доро буда, ҳаҷми истеҳсоли шир дар як шабонарӯз зиёда аз 7 ҳазору 500 кг-ро ташкил медиҳад.
Дар назди хоҷагӣ сехи коркарди шир мавҷуд мебошад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ба монанди кефир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, чакка, творог, йогурт ва шир машғул аст.
Маҳсулоти фабрикаи шири “Саодат” дар зарфи фаъолияти начандон тӯлонӣ муштариёну харидорони худро пайдо кардааст.