Имрӯз даври ниҳоии озмуни вилоятии эҷодии «Навқалами умедбахш» дар Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмун муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иштирок ва суханронӣ карда, ба довталабон барору комёбӣ таманно намуд.

Озмуни мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар миёни хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят баҳори имсол оғоз гардида, беш аз 120 довталаби фаъол ба даври вилоятии озмун роҳ ёфтанд.

Ҳадафи асосии ин озмун, ки бо ташаббуси раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барпо гардид, дарёфти хонандагони эҷодкор, баланд бардоштани малакаи эҷодкории кӯдакону наврасон, таҳким бахшидани шавқу ҳаваси онҳо дар самти омӯзиши таърихи пурғановати ниёгон, баланд бардоштани завқи китобхонию илмдӯстӣ, шеърдӯстӣ ва эҷодкории насли наврас, эҳсоси ватандӯстӣ, зебоиҳои табиат, азиз доштани хоку оби диёр ва баёни афкори солим унвон мешавад.

Озмуни “Навқалами умедбахш” ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз рӯйи се номинатсия: “Шеъри беҳтарин”, “Афсонаи беҳтарин” ва “Ҳикояи беҳтарин” доир гардид.

Шарти озмун ин аст, ки иштирокчиёни он дар навиштаҳояшон бояд мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстӣ, ифтихор аз тамаддуни бой ва қадимаи миллати тоҷик, ҳурмати падару модар, арҷ гузоштан ба хизмати устодон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, парвариши муҳаббат ба касбу ҳунар, тарғиби ҷойҳои сайёҳӣ, васфи ахлоқи ҳамида, хислатҳои неки инсонӣ, эҳтиёткорӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, чун шахсият ба воя расидани насли ҷавону ояндасоз, эҳтироми арзишҳои волои миллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолиятро фаро бигиранд.

Ба ғолибони озмун дар ҳар як номинатсия барои ҷойи якум 2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофот дода мешавад.

Ғолибони озмун ва омӯзгорони онҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд. Инчунин, маводҳои беҳтарин дар шакли китоб ҷамъоварӣ ва нашр карда мешаванд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон