Ба хотири дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар ноҳияи Кӯшониён озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар сатҳи ноҳия баргузор гардид.

Дар толори Кохи фарҳангии ноҳияи Кӯшониён давраи ҷамъбасти ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо иштироки аъзои ҳакамон Озар Салимов — узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрам Мирзоев — намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуф Амирхон- муовини сардори идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, Акрам Ризо- мушовири шуъбаи иттифоқи нависандагон дар вилояти Хатлон, Дилафрӯз Шукруллозода- муовини раиси ноҳияи Кӯшониён миёни омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва занону духтарони фаъоли ноҳия баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории озмун, ин дарёфт намудани ҷавонону наврасон ва нафарони соҳибистеъдод мебошад.

Дар озмун иштирокчиён дар назди аъзоёни ҳакамон шеъру суруд, навохтани асбобҳои миллӣ, саҳначаи тарбиявӣ, рақс, маърӯза, ровигӣ, наттоқӣ ва шоирони ҷавон шеърҳои тару тозаи хешро пешниҳод намуданд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагию, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва меъроси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва техналогияи муосир ба шумор меравад.

Дар интиҳои чорабинӣ ғолибони озмун муайян гардида, барои иштирок дар сатҳи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here