Раиси вилоят Давлаталӣ Саид пас аз қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Темурмалик бо фаъолон ва соҳибкорони маҳаллӣ мулоқот анҷом дод.
— Дар натиҷаи пешбурди корҳои ободониву созандагӣ симои ноҳияи Темурмалик бакуллӣ тағйир ёфта, вазъи иҷтимоӣ ва хизматрасониҳо беҳтар шуд, — зикр намуд Давлаталӣ Саид ва ба соҳибкорон барои ташаббусҳои наҷибашон арзи сипос кард.
Раиси вилоят аз фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Темурмалик даъват намуд, ки раванди умури бунёдкориро вусъат бахшида, ҷиҳати бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, истифодаи пурсамари заминҳои киштбоб, беҳшавии сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, роҳсозӣ, рушди сайёҳӣ, иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми шоиста гузоранд.