Рӯзи 20.05.2018 сол.  Аз субҳи содиқ аллакай дар саргаҳи хиёбони Исмоилӣ Сомонии шаҳри Кӯлоб, ки старти дави миллӣ аз ин нуқта оғоз меёфт, иштирокчиён ҷамъ омада буданд.

 Раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло ҳозиринро бо Рӯзи “Дави миллӣ” муборакбод гуфта, ба иштирокдорони ин ҳамоиш саломатии бардавом, бурдборӣ ва комёбию пирузиҳо таманно намуд.

 Қайд гардид, ки дави миллӣ ҳамасола бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иштироки хурду бузурги кишвар баргузор гашта, мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ҷисман ва руҳан тарбия намудани ҷавонон ва ба камол расонидани онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.

 Сипас баъд аз суханронии раиси шаҳр чорабинии бошукӯҳи “Дави миллӣ” оғоз гардида, ҷавонону наврасон занону кӯдакон ва ҳатто пиронсолон бо рӯхияи болида дар мусобиқаи умумиҷумҳуриявии давӣ миллӣ иштирок намуданд.

 Гурӯҳи иштирокчиёни “Дави миллӣ”, ки шумораи умумии онҳо беш аз 10 ҳазор нафарро ташкил медод, ба се қисмат ҷудо карда шуда, баъд аз ҳуштаки довар, қисмати аввали иштирокчиён, ки миёнсолону пиронро дар бар мегирифт, нахустин шуда, дар масофаи 5 км, гурӯҳи дуюм наврасону ҷавон дар ҳамин масофа ва гурӯҳи сеюм духтарону занон дар масофаи 3км ба давидан шуруъ намуданд.

 Ғолибонро намояндагони бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва мактабҳои варзишии шаҳр дар марра истиқбол гирифта, муайян намуданд.

 Ҷамбасти чорабинӣ дар зери Парчами давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардида, ғолибон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб, муовинон ва шахсони баруманди шаҳр бо туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

 Ғолибияти калонсолтарин иштирокчии мусобиқа, муйсафеди 82-сола Маҷнун Баротов ва хурдтарин иштирокчӣ хонандаи синфи 3 Исмоил Юсуфов ҷолиб ва хотирмон буд.

 Чорабиниро барномаи фарҳангии кормандони фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб идома бахшид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here