Санаи 13 апрели соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи нақша рӯзи қабули шаҳрвандон доир гардид.
Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон муроҷиат ва дархостҳои 39 нафар шаҳрванодон – сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро аз ҷумла соҳибкор Мирзоев Туйчибек аз ноҳияи Кӯшониён оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб ва ин сохтмони мактабро ният дорад аз ҳисоби маблағҳои худ ба анҷом расонад, соҳибкор Қурбонова Роза аз шаҳри Бохтар оид ба сохтмони биноҳои баландошёна ва инчунин дигар шаҳрвандон аз рӯи масъалаҳои мавриди ниёзашон аз қабили ба расмиятдарории замини наздиҳавлигии писараш, ки дар хизмати ҳарбӣ вафот кардааст, гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил, ҷудо кардани саҳми замин барои ташкил кардани хоҷагиҳои инфиродии деҳқонӣ, стипендияи вилоятӣ, баҳси замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ барои фарзандони сегоник, расонидани кӯмаки молиявӣ ба ятимони кулл, баҳси қитъаи замини чарогоҳ, оид ба ободонӣ ва ғайра шунида, ҷиҳати ҳалли мушкилоташон ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.