Имрӯз, 24 март, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба деҳаи Ҳалқаҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон сафари корӣ анҷом дода, бо сокинони ин деҳа, ки дар натиҷаи бориши бисёр ва омадани сел заминҳои наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасонашон зарар дида буданд, мулоқот карданд.
Қурбон Ҳакимзода ба масъулони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ҷиҳати вусъатбахшӣ ба корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расонидани кумакҳои лозимӣ ба осебдидагон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тибқи иттилои раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, дар натиҷаи боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сели шоми 21 март дар деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон ба 212 замини наздиҳавлигӣ ва иншоотҳои ёрирасони сокинони маҳаллӣ обу лойқа даромада, сокини ҳамин деҳа Мирзоқул Раҳмонқулови 59-сола ба ҳалокат расид.
Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ худи ҳамон рӯз ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон бо шумораи 30 нафар ва 5 адад автомашинаи наҷотдиҳӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.
То имрӯз таҳхона ва заминҳои наздиҳавлигӣ, ашёҳои рӯзгори шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон аз обу лойқа берун бароварда шуданд.
Инчунин, шаби 21 март аз тарафи Комиссияи эвакуатсионии ноҳияи Хуросон бо мошинҳои боркаш тақрибан 760 сокини маҳаллӣ аз ҷойи хавфнок ба мавзеи бехавф эвакуатсия карда шуданд.
Дар корҳои бартарафкунӣ қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода таҳти роҳбарии муовини раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулода Умед Зоҳирзода иштирок доранд. Ҳаҷми зарар муайян карда шуда истодааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода инчунин дар робита ба ҳалокати шаҳрванд М. Раҳмонқулов ба наздикону пайвандони марҳум арзи таслият намуда, ба хонаводаи ӯ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.
Бо дастгирӣ ва дастуру супориши раиси вилояти Хатлон баҳри бартарафсозии оқибати офати табиӣ ба ноҳияи Хуросон якчанд адад экскаватор сафарбар гардида, корҳои тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ҷараён доранд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон