Дар н.Хуросон бунёди 69 манзили истиқоматӣ барои зарардидагон бо дастгирии давлат, соҳибкорон, ихтиёриён ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷараён дорад.

Сокинон ва сохтмончиён бо ғизои гарм, об, роҳ, рӯшноӣ, техника ва дигар имконоти кору зиндагӣ таъмин мебошанд. Дар маҳали аз офат зарардида қубурҳо барқарор ва 1 км роҳ бо паҳноии 5 метр мумфарш карда шуд.