Cол сол сиёсати давлат вобаста ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ натиҷаҳои назаррас дода истодаанд. Дар арафаи иду ҷашнвораҳои бузург шод намудани дили маъюбону камбизоатон ва шахсони ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо мақсади дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди шарифи Қурбон таърихи 17.08.2018 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 46 нафар шахсони имконияташон маҳдудро, ки дар навбати аробачаи маъюбӣ меистоданд, бо аробачаи маъюбӣ таъмин намуданд.