Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз барои ятимон ва тарбиятгирандагони мактаб – интернат дастархони идона ва чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

Дар чорабинӣ раиси ноҳия Зафар Файзуллозода иштирок намуда ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти ғамхорӣ қарор дода, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки онҳо дар ҷомеа эҳсосӣ бекасӣ ва ятимӣ дошта бошанд.

Гуфта мешавад, дар ноҳия 32 нафар ноболиғон ятими кулл буда, баҳри фароҳам сохтани шароити таълим ва тарбияи мусод ба ҳар як нафари онҳо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор ва вобаста шудаанд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ятимони кулл тӯҳфаҳо аз қабили сарулибос, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ ба маблағи 300 сомонӣ ба ҳар кадоми онҳо тақдим карда шуд.

Баҳри болида сохтани хотири наврасон аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши онҳо карда шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here