Дар даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Хатлон»-и Бохтар дар шаҳри Истаравшан бо тими «Истаравшан» вохӯрд. Бозӣ бо ҳисоби мусовӣ — 1:1 анҷом ёфт. Пас аз ин давр, дастаи «Хатлон» бо 23 имтиёз аз 17 бозӣ ба мақоми сеюми ҷадвали мусобиқоти имсола баромад.
Бозӣ миёни дастаҳои «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии меҳмонон — 0:5 ба поён расид.
Лигаи олӣ. Даври 17-ум.
«Кӯктош» 1-6 «Истиқлол»
«Панҷшер» 0-5 «Хуҷанд»
«Истаравшан» 1-1 «Хатлон»
«Регар-ТадАЗ» 2-1 КМВА «Помир»
Қобили зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар сафар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби калони 6:1 мағлуб карда, маротибаи ҳаштум дар Лигаи олӣ чемпион гардид. Қаблан дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 соҳиби медалҳои тиллоии чемпионати Тоҷикистон гардида буд. Бо ин пирӯзиаш дастаи «Истиқлол» дар шумораи ҷоизаҳо аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода пеш гузашта, серҷоизатарин дастаи мамлакат гардид.
Ёдовар мешавем, ки тими футболи «Хатлон» («Вахш»)-и шаҳри Бохтар се маротиба (1997, 2005, 2009) чемпиони Тоҷикистон шудааст.
Айни ҳол «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 29 имтиёз аз 16 бозӣ дар ҷойи дувум ва «Панҷшер» бо 11 имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор доранд.