Шумораи занҳои роҳбар дар вилояти Хатлон тайи як соли охир 2617 нафар бештар шуда, ҳоло 9833 нафар бонувони фаъол дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкиноятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки аз дунявӣ будани кишвари мо дарак медиҳад, як қатор барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти бонувонро танзим менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки 1 миллиону 661 ҳазору 675 нафар ё 49,6 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз аз ҳисоби онҳо 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 24 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 343 тан вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар вакили маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Шумораи бонувони коргар дар вилоят ба 196 ҳазору 858 нафар мерасад.

Аз 2570 хизматчиёни давлатӣ дар вилоят 463 нафар (18%)-ашон занон мебошанд. Аз ин теъдод 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд. Дар 155 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 19 нафар  занон ба ҳайси раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 50 нафар муовинони раисони ҷамоатҳо ва 31 нафар ҳамчун котиби ҷамоатҳои шаҳру деҳот фаъолият доранд.

Ҳузури бонувон дар соҳаҳои маориф 23 ҳазору 144 нафар, тандурустӣ 23 ҳазору 717 нафар, фарҳанг 761 нафар, соҳибкорзанон 17 ҳазору 541 нафар, роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 7 ҳазору 475 нафар, сохтмон ва меъморӣ 466 нафар, саноат 2 ҳазору 633 нафар, почта ва алоқа 201 нафар, коммуналӣ 777 нафар, бонкҳо 1 ҳазору 176 нафар, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи бонкӣ 38 нафарро ташкил медиҳад.

Тайи солҳои 2016-2019 84 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки аксари лоиҳаҳои онҳо ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ нигаронида шуда, дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 300 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон