Имрӯз, 10 март, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 собиқадори матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳамроҳонаш аз намоиши матбуоти даврии вилоят дидан карда, бо сармуҳаррирони ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳои маҳаллӣ доир ба вазъу ҳолати нашрия, таъминоти техникӣ ва кадрӣ, шароити кории онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат кард.
Пасон, дар толори Идораи телевизиони вилоят мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот доир гардид. Дар ин ҳамоиш инчунин раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода иштирок дошт.
Раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш қайд намуд, ки ҷамъомади имрӯза ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат, рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати пуршараф ва таъсирбахши намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад.
— Матбуот дар ҳама давру замон бозгӯкунандаи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳо ва мардумон буда, сарчашмаи муътамади иттилоъ эътироф шудааст, — зикр намуд раиси вилоят. — Матбуоти замони муосир кӯшиш мекунад, ки масъалаҳои актуалӣ ва зуҳуроти гуногуни ҳаёти ҷомеаро бо шарҳу тавзеҳи фактҳо, аз зовияҳои мухталиф баррасӣ намудани он, роҳу усулҳои ҳалли масъалаҳоро нишон дода, дар ташаккули афкори омма саҳм гузорад. Имрӯз журналистика ва публитсистика ба шаклгирии афкор, назарҳо, манфиатҳо ва тасмимгириҳои одамон мусоидат намуда, ба фаъолияти институтҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонад ва дар баробари ин, дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳимми сиёсию идеологӣ мебозад.
Журналистика ҳамчун силоҳ дар муборизаи ғоявӣ хизмат намуда, василаи таъсирбахши тарбияи ҷомеа, таблиғоту ташвиқот аст ва функсияи созмондиҳию интиқоли иттилоотро иҷро мекунад.
Таъкид шуд, ки дар ҳақиқат, дар замони муосир матбуот яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, бурду бохт дар бисёр ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма марбут мебошад. Воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ, бо роҳи таҳлилу масъалагузории соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ кумак мерасонад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин қайд намуд, ки матбуоти даврии вилоят бо фарогирии мавзӯъ, ба суроғи аудиторияи мушаххас нигаронида шудани мазмуну муҳтавои расона, услуби хоси фаъолият ва нигориш симои худро пайдо кардааст.
Вобаста ба рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоӣ, ба миён омадани масъалаҳои глобалӣ, таъсири омилҳои беруна ба вазъи Тоҷикистон ва пешрафти замон дар назди ҷомеаи журналистӣ тӯли солҳои истиқлолият вазифаҳои нав ба нав гузошта шуда, афзалиятҳо дар пешбурди кор, инчунин мавзӯъ ва мундариҷаи ВАО-и чопию электронӣ низ тағйирпазир буданд.
Мавзӯи матолиби нашрияҳои вилоятии вилояти Хатлон аз инъикоси мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ, гурезагӣ, ҳиҷрати русзабонҳо ба хориҷа, харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ, раванди сулҳсозии тоҷикон, хуруҷи бемориҳо ва хатари гуруснагӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ, тадриҷан тағйир ёфта, дар марҳилаи пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (27 июни соли 1997) масъалаҳои таҳкими сулҳу субот, азнавбарқароршавии хоҷагии халқ, бозгашти гурезаҳо, ташвиқи ҳаёти осоишта, васфи корномаи фарзандони содиқи ватан, таҷрибаи пешқадам, рушди таълиму тарбия аз мавзӯъҳои меҳварии матбуоти маҳаллӣ буд.
Имрӯз дар сиёсати редаксионии аксари нашрияҳои музофотии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, мавзӯи ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, тараннуми сулҳу ваҳдати миллӣ, зарурати ҳифозат ва таҳкими он, инчунин мубориза бо ифротгароию терроризм, ташаккули эҳсоси ватандорӣ аз мавзӯъҳои меҳварӣ ва афзалиятдори фаъолияти эҷодӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин ҷост, ки тибқи арзёбиҳо, истилоҳи «истиқлолияти давлатӣ» ва «ваҳдати миллӣ» дар баробари истилоҳҳои «Тоҷикистон» ва «Ватан», яке аз вожаҳо ва ибораҳои серистеъмолтарини матбуоти музофотии Хатлон мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати тақвият ёфтани пойгоҳи техникии идораи нашрияҳои маҳаллӣ соли 2020 36 адад компютери насли чорум, 36 адад принтер ва 34 адад дастгоҳи суратгирии касбиро харидорӣ ва ба идораи нашрияҳои вилоят, инчунин кафедраҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои Бохтару Кӯлоб тақдим намуд. Ҳамзамон бо мақсади аз падидаҳои навини иттилоотӣ ва журналистӣ огоҳ будану пайвастан ба низоми иттилоотии умумиҷумҳуриявӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як силсила машғулиятҳои омӯзишӣ барои сармуҳаррирон, мухбирони суратгир, наворбардорони телевизион гузаронида шуд. “Мо ин иқдомро минбаъд идома хоҳем дод”, — афзуд раиси вилоят.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дарки масъалаҳои мубрам ва мушкилоти нашрияҳои маҳаллӣ ҷиҳати дастгирӣ ва таъмини шароити мусоиди фаъолияти онҳо тадбирандешӣ мекунад.
Бо мақсади ба талаботи замони муосир мувофиқ кунонидани фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ, таъминоти техникии идораи рӯзномаҳо, мустаҳкам шудани мақоми нашрияҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ қарори раиси вилояти Хатлон таҳти №18 аз 29 январи соли 2021 ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки барои таъмин намудани рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) бо бинои алоҳида ё таъмири асосии биноҳои мавҷудаи редаксияҳо дар соли таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ намоянд. Барои муҷаҳҳаз гардонидани идораи нашрияҳо бо техникаву ҷиҳози зарурии корӣ, аз ҷумла хатти интернет мусоидат карда, ҳангоми интихоб ва таъин намудани сармуҳаррири нашрия ба ихтисосмандони соҳаи рӯзноманигорӣ афзалият диҳанд. Ҷиҳати аз такмили ихтисос гузаштани сармуҳаррирон, кормандони эҷодӣ ва техникии нашрияи маҳаллӣ тадбирандешӣ намоянд.
Бо мақсади ҳавасмандсозӣ ва дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва ҷумҳурӣ, ки дар инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолити бунёдгаронаи соҳибкорон, аҳли ҷомеа, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд, қарори Раиси вилояти Хатлон аз 6 апрели соли 2020, №106 дар бораи ташкили озмуни вилоятии эҷодии “Эъҷози Истиқлол” бароварда шуд.
Ғолибони озмун дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ду номинатсия бо мукофти пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ (барои ҷойи якум), 5000 сомонӣ (барои ҷойи дуюм) ва 2500 сомонӣ (барои ҷойи сеюм) қадрдонӣ карда мешаванд.
Қайд гардид, ки сокинони вилояти Хатлон имсол ба зиёда аз 200 ҳазор нусха нашрияву маҷаллаҳои даврии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ обуна шудаанд, ки ин рақам дар қиёс бо солҳои пешин хеле зиёд буда, аз афзоиши обруву нуфузи нашрияҳо ва талаботи хонандагон дарак медиҳад.
— Дар чунин шароит ҳайатҳои эҷодии нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ бар сари беҳтар кардани муҳтавои матлабҳояшон фикр кунанд, — масъалагузорӣ намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Матбуоти даврии маҳаллӣ бояд бозоргир шавад, аз қолабҳои куҳна, чопи маводҳои дилгиркунанда худдорӣ намояд. Талаботи аудиторияи замони нав ба инобат гирифта шавад. Дизайни саҳифаҳо муосир, чашмрас ва диққатҷалбкунанда шаванд. Хулоса, муҳаррирон ва ҳайати эҷодӣ бояд тавре корро ба роҳ монанд, ки шумораи обуначиён бештар афзояд, хонанда матлабҳои табъи дилашро дар саҳифаҳои матбуоти даврии маҳаллӣ пайдо намояд. Таҷрибаи бисёр таъсирбахши “мактаби устоду шогирд”, ки имрӯзҳо дар идораҳои нашрияҳо ба таври лозимӣ истифода намегардад, дубора ба кор бурда шавад.
Раиси вилоят ба рӯзноманигорон барои ҳамкории хубу пурсамар, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ, инъикоси васеи корҳои ободонию созандагӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро баён намуд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода аҳли эҷоди вилояти Хатлонро ба муносибати иди касбиашон шодбош гуфта, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба воситаҳои ахбори омма ёдовар гардид.
Ба қавли З. Исмоилзода, ВАО дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, тақвияти пояҳои давлатдорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳон ва аз ҳама беш дар таҳкими амнияти давлат, оромию субот ва ваҳдату ҳамраъии мардуми мамлакат ҷойгоҳи арзишманд дорад. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки садҳо падидаҳои номатлуб ва хатарҳоро пеш овардааст, бояд намояндагони ВАО бо донишу ҷаҳонбинии васеъ, касбият ва содиқ будан ба Ватан дар таҳкими суботу амният ва ваҳдати миллӣ дар кишвар саҳми босазо гузоранд.
Пасон, маросими тақдими Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2020 барои беҳтарин маводи журналистӣ барпо гардид. Қайд гардид, ки ба кумитаи тадорукоти озмун имсол беш аз 400 маводи журналистӣ пешниҳод шудааст, ки назар ба соли гузашта 150 адад бештар мебошад.
Ҳамин тавр, аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ” Манучеҳр Ҳасанов – хабарнигори нашрияи «Ҳамрози Халқ», Шариф Абдулҳамид – рӯзноманигори нашрияи “Омӯзгор” дар минтақаи Кӯлоб, Махфират Шоимова – котиби масъули маҷаллаи «Сафо», дар номинатсияи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ” Низомиддин Исоев – хабарнигори ТВ «Сафина» дар вилоят, Ҷумъагул Мирзоева – рӯзноманигори ТВ «Хатлон», Худойдод Раҷабов – хабарнигори ТВ «Тоҷикистон» дар вилоят, дар номинатсияи “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ” Зокир Ҳасан, Сайраҳмон Назриев – АИ «Азия Плюс», Ҷумъахони Бобохон – хабарнигори радиои «Хатлон», Комилов Низомиддин — рӯзноманигори мустақил аз шаҳри Кӯлоб, дар номинатсияи “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)” нашрияҳои «Нури Норак», «Набзи Бохтар» ва «Субҳи меҳнат»-и Муъминобод, дар номинатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ” нашрияи Коллеҷи омӯзгории ДДК — «Маърифат», маҷаллаи Раёсати маорифи вилоят — «Мактаб», маҷаллаи Раёсати тандурустии вилоят — “Ганчи Сино”, дар номинатсияи “Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ” Гурӯҳи эҷодии Раёсати «Тоҷикфилм» дар вилоят, Таваралӣ Соҳибназаров – хабарнигори ТВ «Тоҷикистон», Далер Шарипов — хабарнигори нашрияи «Баҳори Аҷам», дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетӣ” сомонаи МИҲД-и вилояти Хатлон, сомонаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ва сомонаи нашрияи “Пайк” ғолиб дониста шуданд.
Ғолибон бо дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1500, 1000 ва 500 сомонӣ гардиданд.
Аз ҷониби раиси вилоят пешниҳод гардид, ки дар оянда дар доираи озмуни вилоятии эҷодии “Неруи сухан” номинатсияҳои нав “Беҳтарин наворбардор/саҳифабанди нашрия”, “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ва “Беҳтарин котиби матбуотӣ” таъсис дода шавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз иштироки фаъолонаи аҳли қалам дар озмуни вилоятии “Неруи сухан” изҳори қаноатмандӣ карда, ба ҳамаи иштирокчиён сарбаландию илҳоми саршори эҷодӣ таманно намуд.
Дар ҷамъомад инчунин ба як қатор собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, нишонҳои сарисинагии “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон