Масъулони комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон мужда доданд, ки иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 31 октябр 100,1% таъмин гардид.

Қобили зикр аст, ки шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Шаҳритус, Муъминобод, Балҷувон, Хуросон, Темурмалик нақшаи тирамоҳии даъват ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр пурра иҷро кардаанд.
Айни замон наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим шуда, онҳое, ки аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон