Имрӯз, 21 ноябр, дар гулгашти майдони “70-солагии водии Вахш” дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода беш аз 100 адад дарахтони нодири ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, имрӯз дар саросари шаҳри Бохтар, аз ҷумла майдони “Ваҳдати миллӣ”, атрофи осорхонаи “Бибихонум”, майдони Маркази ҷавонон, боғи фароғатии ба номи Р.Мурчаев, хиёбони Ваҳдат, ҷамъан 620 бех ниҳолони камназири можевелник, дарахти ақоқиё (акатсия), магнолия, каталпа, арча, санавбар, сарв (кипарис), малуси сурх, сӯзанбарг шинонида шуданд.

Ин ниҳолон ва дарахтони чандсола аз ниҳолпарваришгоҳҳои ватанӣ ва кишварҳои аврупоии Испания, Белгия, Италия, Сербия, Голландия харидорӣ гардидаанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулҳо дар майдони “70-солагии водии Вахш”, аз ҷумла то 100 ҳазор адад лолаи хушранг, вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур доданд.

Бо иштироки раиси вилоят имрӯз дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён низ маъракаи ниҳолшинонӣ барпо гардид. Дар ин мавзеъ сокинони маҳаллӣ беш аз 400 бех ниҳоли можевелник шинониданд.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти “Заргар” аз гармхонаҳои лимӯпарварӣ дидан намуд. Дар ин гармхонаҳо зиёда аз 400 бех лимӯ парвариш карда шуда, дар байни қаторҳо кишти картошка ҷараён дорад. Соли гузашта аз ҳар гармхона 600-700 кг картошка ҷамъоварӣ намуданд. Дар парвариши картошка аз нуриҳои минералӣ истифода бурда мешавад. Ҳамзамон кишоварзон дар гармхона помидору бодиринги мавсимӣ шинонида мешавад.

Қобили зикр аст, ки тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли 2020 оид ба таъсиси Ситод ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ин мавсим шинонидани 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар дошта шудааст. Инчунин, дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон