Дар соли нави таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон 50 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ бо фарогирии 90 ҳазор нафар донишҷӯёну   хонандагони  касбомӯз ва дар 1360 адад муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ 800 ҳазор нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд, ки  ба  онҳо  зиёда аз  50  ҳазор нафар олимону устодон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дарс хоҳанд гуфт. 

Дар назар аст, ки дар соли таҳсили имсола теъдоди наврасони  синфи 1 зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил диҳад.

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон чун анъана бо сурудани Суруди миллӣ ва тамошои дастҷамъонаи суханронии Сарвари давлат аз ҷониби хонандагону омӯзгорон оғоз гардид.

Дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкамкунии заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят 722 адад иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 73 адад муассисаи томактабӣ ва 649 адад мактаби нав, бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.