Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, то рӯзи 11 октябр пахтакорони вилояти Хатлон 207 ҳазору 301 тонна ҳосили «тиллои сафед»-ро ҷамъоварӣ кардаанд, ки ба 75,3 дарсади дурнамои солона баробар аст.

Дирӯз кишоварзони шаҳру навоҳии пахтакор 3718 тонна пахтаро ғунучин намуда, ба хирман супурдаанд.

Заркорони ноҳияи Шаҳритуз, ки рӯзи гузашта 50 тонна пахта ҷамъ овардаанд, 100,5 фисади дурнамои мавсимро иҷро намуда, аз аввали мавсим 12 ҳазору 14 тонна ҳосил ғундоштаанд. Аммо мутобиқи маълумоти Сарраёсари омори вилоят, ҳоло ҳамагӣ 11 ҳазору 738 тонна пахтаи ҷамъоваришуда дар Шаҳритуз ба корхонаҳои қабули пахта супурда шудаанд. Барои иҷрои 100%-аи дурнамо 212 тонна пахтаи ғуншуда бояд ба нуқтаҳои қабул интиқол дода шавад.

Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ба ҳолати 11 октябри соли ҷорӣ шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Данғара, Носири Хусрав, Хуросон, Ҷайҳун, Восеъ, Панҷ, Кӯшониён, Ёвон, Қубодиён, ҷамъ 13 шаҳру ноҳия, аз сатҳи миёнаи вилоят бештар пахта ҷамъ овардаанд.

Пахтакорони ноҳияи Вахш, мутаассифона, то имрӯз ба иҷрои 50% дурнамо муваффақ нашудаанд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ 8 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон дар садри ҷадвали ҷамъбасти ҳаррӯзаи пахтасупорӣ қарор доранд. Инҳо Бохтар, Левакант, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Данғара, Кӯшониён, Н. Хусрав, Қубодиён мебошанд.

Агар тибқи маълумоти оморӣ, то 11 октябр дар ҷумҳурӣ 229 ҳазору 816 тонна пахтаи ҷамъоваришуда ба нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркард супурда шуда бошад, 164 ҳазору 431 тоннаи он ба вилояти Хатлон рост меояд.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

 

 

Шаҳру ноҳияҳо

Фоизи иҷро

Дар

1 рӯз

Аз аввали мавсим

1

Левакант

0,0

103,7

2

Бохтар

0,1

101,3

3

Шаҳритус

0,4

101,3

4

Дӯстӣ

1,4

88,2

5

Данғара

1,2

86,7

6

Н. Хусрав

1,7

83,3

7

Хуросон

1,6

82,7

8

Ҷайҳун

1,6

79,9

9

Восеъ

2,2

79,5

10

Панҷ

2,4

78,2

11

Кӯшониён

1,3

78,0

12

Ёвон

1,8

76,8

13

Қубодиён

1,3

76,2

14

Фархор

0,5

74,3

15

Ҳамадонӣ

1,3

73,2

16

Ҷ. Балхӣ

0,8

70,0

17

А. Ҷомӣ

1,6

66,9

18

Кӯлоб

1,9

52,0

19

Вахш

0,9

45,4

Дар вилоят

1,4

75,3

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

(Тибқи маълумоти фаврии

Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here