28 июни соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои назди раиси вилоят оид ба рушди саноат доир гардид, ки ҳадафи асосии он дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни вохӯриашон бо фаъолони вилоят санаи 24 – уми февраи соли равон ва дар машврати кориашон дар ноҳияи Данғара, ки санаи 18 – уми июн дар самти рушди нокифояи соҳаи саноати вилоят иброз дошта буданд, ҳамзамон раванди ба истифодадиҳии корхонаҳои саноатӣ дар заминаи нақша чорабиниҳои 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят дар давраи нимсолаи аввали соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар Шӯрои назди раиси вилояти Хатлон оид ба рушди саноат, раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, аъзоёни Шӯро ва раисони шаҳру ноҳияҳо вилоят иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории Шӯрои мазкур оид ба рушди саноат ин пеш аз ҳама дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди рушди саноат дар вилояти Хатлон мебошад. Дар ҷаласаи Шӯро чор масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи масъалаи якум муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оиди рушди саноат дар ин давра тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ саноаткунонии босуръати кишвар барномаи саноаткунонӣ барои солҳои 2020 – 2025 ва дар асоси ин барномаҳои рушди саноати сабук, мошинсозӣ, хӯрокворӣ, металҳои ранга қабул гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин самт кор бурда, ҷиҳати рушди саноат тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. Қобили зикр аст, ки ҳамасола барои рушди иқтисодиёти вилоят дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои се соли оянда қарорҳои дахлдори худро қабул менамояд, ки дар он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ дар ҳама соҳаҳо, ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷиро дар бар мегирад. Тибқи ин ҳучҷати мазкур дар соли 2022 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят 11 миллиарду 87 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Таҳлилҳо ва маводҳои пешниҳодгардида нишон медиҳанд, ки то ҳол дар шаҳру ноҳияҳо таҳияи дурнамо ва вазъи воқеии соҳаи саноат аз назари мутахассисон дур мондааст. Оид ба масъалаи таҳияи дурнамо дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Кӯшониён, Ёвон, Панҷ ва шаҳри Кӯлоб дар алоҳидагӣ бо иштироки муовинони шаҳру ноҳияҳо ва шахсони масъули соҳа ҷаласаҳо гузаронида шудааст.
Масъалаи барои дар сатҳи 120 фоиз таъмин намудани рушди соҳаи саноат ба ҷуз аз дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома оид ба таъмини рушди саноат байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба имзо расонида шудааст, ки дар он ҳаҷми корхонаҳои калон ва корхонаҳои дар соли 2022 сохташаванда муайян карда шудааст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки иҷрои ин шартнома дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз 102,7 то 116,9 фоиз ва дар ноҳияҳои Муъминобод – 96,7 фоиз, Балҷувон – 84,5 фоиз ва ноҳияи Н.Хусрав – 79,6 фоиз таъмин гардидааст.
Оид ба иҷрои нақшаи корхонаҳои саноатии сохташаванда қайд гардид, ки дар соли равон 132 адад ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 56 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бояд сохта ба истифода дода шавад.
Мувофиқи маълумот нақшаи шашмоҳа дар шаҳру ноҳиҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Муъминобод, Восеъ – 100 фоиз, Данғара – 133 фоиз, ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва шаҳри Норак 200 фоиз иҷро гардидааст. Саноатчиёни вилоятро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва дар ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва дар ҷаласаҳои 24 – уми февраи соли равон дар шаҳри Бохтар ва 18 – уми июни соли равон дар ноҳияи Данғара дода буданд, иҷрои саривақтии онро таъмин намуда, дар рушду нумӯи вилоят ва ҷумҳурӣ саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои рушди саноат дар вилоят муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баромад намуда, вобаста ба раванди таъминоти либоси мактабӣ ва инъикоси он дар маълумоти Раёсати маориф гузориш дод. Ҳамзамон қайд намуд, ки дар бораи нақшаи шартномабандӣ ва таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо либоси ягонаи мактабӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ, барои иҷро ба роҳбаригирифта шуда дар ин самт як қатор корҳои муайян иҷро гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 21 – уми июни соли равон нақшаи таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо либоси мактабӣ аз рӯи панҷ номгӯй ба миқдори 1 миллиону 831 ҳазору 21 дона пешниҳод гардид. Қобили қайд аст, ки дар соли таҳсили 2021 – 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 817 ҳазору 23 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки тибқи нақша бояд 50 фисади муҳасиллин бо либоси ягонаи мактабии духти корхонаву коргоҳхои истеҳсоли ватанӣ таъмин карда шаванд. Зикр бояд намуд, ки аз давраи шартномабанди то имрӯз дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо иҷроиши нақщаи духти либоси мактабӣ аз ҷумла дар шаҳри Норак – 57 фоиз, Дӯстӣ – 49, Данғара – 44, А. Ҷомӣ – 42, Н.Хусрав – 55, Шаҳритус – 40, Вахш 39, Панҷ – 31, Восеъ – 33, Ш.Шоҳин – 23 ва Хуросон – 18 фоиз таъмин гардида, нишондоди болозикр аз нақшаи вилоят баланд аст.
Дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар асоси шартномаҳои тасдиқгардида кор бурда, бо фароҳам овардани шароити муносиб, яъне пешниҳоди босифат ва ба талаботи имрӯзаи ҷавобгӯи духти либоси мактабӣ аз ҷониби корхона ва коргоҳхои саноатӣ иҷроиши нақшаи ба зиммадоштаро дар амал татбиқ намуда ва ба ин васила дар рушди соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт. Ҳамчунин дар Шӯро сардори раёсати андози вилоят, Сарраёсати омори вилоят баромад намуда, ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳо аз ҷониби соҳибкорон барои маблағгузорӣ ба мақомоти дахлдор ирсолшуда дастуру супоришҳо дода шуд. Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2022 бунёд ва сохтмони 132 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо назардошти 3 ҳазору 913 ҷойи корӣ пешбинӣ шуда, дар давоми панҷ моҳи соли равон аз 50 корхонаҳои ифтитоҳгардида 45 адади он дар қайди оморӣ инъикос гардидаанд. Аз ин лиҳоз масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар риояи муҳлати ба истифодадиҳии корхонаҳо ҷиҳати бақайдгиии онҳо дар равзанаи ягона тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Дар Шӯрои назди раиси вилоят оид ба рушди саноат раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва татбиқи шартномаҳои ба имзорасида оид ба рушди саноат дар сатҳи 120 фоиз пурсон гардида вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои дурнамо ва нақшаҳои дар пешистода чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар охир раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода таъкид бар он дошт, ки вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи саноати вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, бахусус, дар самти саноаткунонии вилоят барканор набуда, ба масъулини соҳа тадбирҳои иловагӣ ва амалӣ андешида, саҳми муносиби хешро дар иҷрои нақшаҳои дар пешистода, оиди дурнамои соли 2022 ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ «Саноаткунонии босуръати кишвар» ва солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат эълон гардидааст саҳми арзандаи худро гузошта дар пешрафт ва рушди саноати вилоят заминаи боэътимод гузоранд.